Сипоҳи посдорон гурӯҳе аз ҷангҷӯёни ДОИШ-ро дар ғарби Эрон торумор кард

© AP / Militant Website, FileБоевики ИГИЛ, архивное фото
Боевики ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон гузориш дода, ки бо як гурӯҳи 21-нафарӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ дар ғарби Эрон даргир шудааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Хабаргузории “Тасним” бо истинод ба равобити умумии Сипоҳи посдорон аз даргирии Нерӯи заминии Сипоҳ бо гурӯҳе аз ҷангҷӯёни ДОИШ дар навоҳии марзии ғарби Эрон гузориш додааст.

“Як гурӯҳи 21-нафарӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ дар ғарби Эрон марзро шикаставу вориди қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ шуда”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Генерал-майор Касем Сулеймани, командующий спецподразделением эль-Кудс (Иерусалим) в составе КСИР, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон ба Туркия ҳушдор дод: амалиётатонро бо Теҳрону Димишқ ҳамоҳанг кунед!

Нерӯҳои заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ин гурӯҳро пайгирӣ карда ва имрӯз бо он даргир шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин даргирӣ, ки бо ҳамкории нерӯҳои амниятии Вазорати иттилоъоти Эрон сурат гирифта, бисёре аз ҷангҷӯён зинда дастгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0