Эрон ба Туркия ҳушдор дод: амалиётатонро бо Теҳрону Димишқ ҳамоҳанг кунед!

© AFP 2023 / ISNA/MEHDI GHASEMIГенерал-майор Касем Сулеймани, командующий спецподразделением "эль-Кудс" (Иерусалим) в составе КСИР, архивное фото
Генерал-майор Касем Сулеймани, командующий спецподразделением эль-Кудс (Иерусалим) в составе КСИР, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарлашкар Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, аз Туркия хостааст иқдомоташ дар Сурияро бо Теҳрон ва Димишқ ҳамоҳанг кунад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сарлашкар Қосим Сулаймонӣ бо ирсоли паёме ба фармондеҳи Артиши Туркия аз Анкара хостааст амалиёташ дар Афринро бо Эрон ва Сурия ҳамоҳанг кунад.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон: Туркия ба хоки Сурия дастдарозӣ намекунад

Фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар ин паём гуфтааст, ки вай дар Ҳалаб аст ва пеш аз расидани Артиши Туркия ба онҷо Анкара бояд иқдомоташро бо сарлашкар Сулаймонӣ ҳамоҳанг кунад.

Пас аз ирсоли паёми сардор Сулаймонӣ, бо таваҷҷуҳ ба пешравии нерӯҳои Туркия дар сурати наздик шуданашон ба пойгоҳҳои нерӯҳои ҳампаймони Эрон, имкони бархӯрди артиши Туркия ва ин нерӯҳо вуҷуд хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0