ДУШАНБЕ, 28 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Дар ҷараёни сафар вазири аз як қатор дидбонгоҳҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла, дидбонгоҳи дастаи 0308-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, аз отряди №0409-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар маркази ноҳияи Дарвоз, отряди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ воқеъ дар Қалъаи-Хумб, дидбонгоҳи Зиғари ШБДА ШВКД дар ноҳияи мазкур, дидбонгоҳҳои Қуфоб, Роғак, Ёгед ва Нулванди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Дарвоз боздид кардааст.
Ҳамчунин аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ҷамоати Водхуд ва Даштаки ноҳияи Ванҷ, қисми ҳарбии №23441-и Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Вахон, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа, Рушон, Шуғнон, ДТММ ва қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар ВМКБ дидан намуда, бо афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳамсӯҳбат шудааст.
Зимни боздид ва вохӯриҳо Раҳимзода нуктаҳо ва муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу эзоҳ дода, зикр кардааст, ки раисҷумҳур дар Паёми навбатӣ изҳор дошт, ки "кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад".
Манбаъ меафзояд, ки афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбӣ миннатдории худро ба Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорию эътимод изҳор дошта, зикр кардаанд, ки паёми раисҷумҳурро роҳнамо ва дастурамали фаъолияти худ қарор дода, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу амният тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.