Раҳимзода ба мардуми Хоруғ аз даргириҳои Афғонистон ёдоварӣ кард

© Пресс-служба президента РТМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода дар маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони сабқатҳои варзишӣ дар Хоруғ ширкат карду дар суханрониаш аз даргириҳои Афғонистон ёдовар шуд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти шаҳри Хоруғи дар маросими туҳфасупорӣ муовини раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мансур Бухоризода ширкат карданд.

Вазири корҳои дохилӣ аз вазъияти кунунии номӯътадил ва даргириҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шуда, қайд кардааст, ки ҳар яки мо бояд дар ҳифзи марзу буми кишвари азизамон дар пойдории сулҳу ваҳдат, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

1/3
Мардуми шаҳри Хоруғ

Пештар Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буд.

"Ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз худ масъулияти баланд зоҳир намуда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд", — гуфта буд Шералӣ Хайрулоев дар чаласаи Мушовараи ВКД.

Лентаи хабарҳо
0