ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта нақшаҳои аслии шаҳрсозии 55 шаҳру маркази ноҳияро тасвиб кард, гузориш дод раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода.
Вай ёдоварӣ кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрели соли 2017 Нақшаи аслии шаҳрсозии Душанберо тасвиб карда буд, ки густариши пойтахтро ба сӯи шимолу шарқу ҷанубу ғарб дар назар дорад.
“Бино бар ин нақша, қаламрави пойтахт аз 12,7 ҳазор ҳектори кунунӣ то 18 ҳазор ҳектор дар соли 2025 густариш ёфта ва сипас то 25 ҳазор ҳектор дар соли 2040 ва то 30 ҳазор ҳектор пас аз соли 2040 вусъат хоҳад ёфт”, — гуфт Аҳмадзода.
Вай ҳамчунин гуфт, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2017 нақшаҳои муфассали шаҳрсозии 7 шаҳру маркази ноҳияро таҳия ва такимл карда ва ҳамакнун нақшаи муфассали шаҳрсозии 16 шаҳру маркази ноҳияро омода мекунад.