ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ се шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми пайвастан ба гурӯҳи теруристии ДОИШ маҳкум ба чандин сол зиндон кард, гузориш медиҳад равобити умумии Додситонии куллии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванд Сафоев моҳи октябри соли 2016, ҳангоми муҳоҷир буданаш дар Русия, аз барномаи интернетии “ZELLO” ба гурӯҳи “Роҳнамо ба сӯи Давлати исломӣ» пайваста, ки ақоиди созмони теруристии “Давлати исломӣ»-ро мепарокандааст.
Вай 10 апрели соли 2017 бо даьвати “Алишер” ном касе бо қасди пайвастан ба созмони теруристии “Давлати исломӣ” ва ширкат дар ҷанг дар Сурия аз Маскава ба Истамбул парвоз кардааст. Дар онҷо “Зафар” ном касе, ки бародари “Алишер” буда, ӯро пешвоз гирифтаву дар хонааш ҷой дода ва ваъда карда, ки дар аввалин фурсат ӯро аз Туркия ба Сурия хоҳад гузаронд. Вале нерӯҳои амниятии Туркия Сафоевро боздошт карда ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Сомонӣ 10 январи соли 2018 Сафоевро барои кӯшиши пайвастан ба созмони ҳаросафкани “Давлати исломӣ” муҷрим шинохта ва ӯро маҳкум ба ҳасб дар зиндони шадиднизом ба муддати 12 солу 6 моҳ кард.
Ҳамчунин шаҳрвандон Шарипов М.Р. ва Зокиров Қ.Н. бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино аз 11 январи соли 2018 барои пайвастан ба ДОИШ муҷрим шинохта шуда ва ҳар кадоме ба муддати 13 сол зиндонӣ шуданд.