ДУШАНБЕ, 25 янв- Sputnik. Саъдӣ Соҳибзода-милисаи ҷавоне ки қасди ҷони худ карда буд, ба ҳуш омадааст.
Тавре пизишкони беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар доаанд, Соҳибзода имрӯз ба ҳуш омада, ба гап даромадааст.
"Худо вайро нигаҳ дошт. Саъдӣ имрӯз ба ҳуш омад ва гап зад, айни ҳол нутқи вай комилан фаҳмо нест",- азудаанд пизишкон.
Табибон қайд карданд, ки барои наҷоти милисаи ҷавон ҳар коре, ки аз дасташон меомад, анҷом доданд.
Хабари беҳтар шудани аҳволи Саъдӣ Соҳибзода дар ҳолест, ки рӯзи 23-уми январ сухангӯи ВУД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки вай ҳоло дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Сухангӯи ВУД қайд карда буд, ки тафтишоти сабабҳои қасди ҷони худ кардани ин милисаро Додситонии шаҳри Исфара мебарад.
Рӯзи 21-уми январ хабар дода шуд, ки милиса дар шаҳри Исфара дар утоқи кориаш бо далелҳои номаълум худро паррондааст.