Дар Тоҷикистон мошинҳои нав арзон мешаванд

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкНовые автомобили на заводе, архивное фото
Новые автомобили на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон андози гумрукӣ барои ворид намудани худравҳои нав аз соли 2018-50 дарсад арзон мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Мувофиқи тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ равона гардидааст, воридоти мошинҳои нав ба Тоҷикистон арзон мешавад.

Дар ин бора Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" имзо шудааст.

"Воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр бошад) аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд", — омадаааст дар хабарнома.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон "Тоҷик Эйр"-ро аз пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти ҳавопаймо озод кард

Дар баробари масъалаҳои зикргардида, дар тарҳи дигар масъалаҳои вобаста ба андоз ва андозбандӣ танзими худро ёфтаанд, ки онҳо барои дастгирии соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, ба Кодекси андоз, моддаи 21 илова мегардад, ки дар он тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз муқаррар карда мешавад.

Аз ҷумла, дар ин модда тартиби мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи андоз, дар кадом маврид қувваи бозгашт надоштан ва ё додани қувваи бозгашт ба ин санадҳо, тартиби ҳалли ихтилофот дар мавриди мавҷуд будани духурагиҳо ва ё ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз ё мавҷуд набудани муқаррароти зарурӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои андозӣ танзими худро ёфтаанд.

Ба ғайр аз ин дар лоиҳа як қатор меъёрҳое пешниҳод гардидаанд, ки ба манфиати андозсупорандагон метавонанд хизмат кунанд.

Чунончи, санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми соддакардашуда мебошанд, танҳо баъди сипарӣ шудани 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ мумкин аст.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дастур дод: фаъолияти соҳибкоронро дигар насанҷед

Ин муҳлат қаблан 24 моҳро ташкил медод. Гузаронидани назорати камералӣ зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ манъ карда мешавад. Санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз ҳисоб ва таҳия гардидаанд ва ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ мекунанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Бояд қайд намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида новобаста аз вақти қабул ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуданашон аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷик эйр" ва корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"-ро барои ворид кардани техника аз боҷи гумрукӣ озод кард.

Лентаи хабарҳо
0