Раҳмон дастур дод: фаъолияти соҳибкоронро дигар насанҷед

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи ин Фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Ожонси мубориза бо фасод, Бонки миллӣ, Додситонии кулл, Палатаи ҳисо ва Кумитаи андоз ба мӯҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, 16-уми январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"-ро ба имзо расонид.

Мувофиқи ин Фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Ожонси мубориза бо фасод, Бонки миллӣ,Додситонии кулл, Палатаи ҳисоб, ва Кумитаи андоз ба мӯҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад

Гуфта мешавад, мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

"Заминаҳои ҳуқуқии мораторий дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ" пешбинӣ гардидааст, ки он аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод гардидааст,- омадааст дар гузориш.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон 33 қонуни навро ба имзо расонид

Дар Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шуда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардидааст.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём дар назди вакилони Тоҷикистон ин пешниҳоди худро гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0