ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раиси ҳукумати Ҷумҳурии Ёқутистон дар шимолу шарқи Русия фаъолияти коргарони муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бахши маъдан ва сохтусоз мамнуъ кард.
Раиси Ёқутистон Игор Борисов бо имзои фармоне фаъолияти коргарони муҳоҷир аз кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои ҳамсудро дар бахшҳои маъдану сохтусоз мамнуъ эълом кард.
Вай дар соли 2017 бо судури фармоне дигар фаъолияти коргарони муҳоҷир дар 14 бахш, аз ҷумла омӯзишу парвариш, беҳдошту дармон, ҳамлу нақл, амлоку бунгоҳҳо, моҳидорӣ ва кишоварзӣ мамнуъ карда буд. Гуфта мешавад, ки он фармон беш аз 500 ҷойро барои кори мардуми бумии Ёқутистон аз муҳоҷирон озод кардааст.
Акнун интизор доранд, ки бо бурун кардани коргарони муҳоҷир аз бахшҳои маъдану сохтусоз дар соли 2018, беш аз 2 ҳазор ёқутистонӣ дар конҳо ва хонасозӣ кор хоҳанд ёфт.
Раиси Кумитаи кору пешаварии Ёқутистон Степан Москвитин ба расонанигорон гуфта, ки аз ин пас корхонаҳои бузурги маъдан дигар ҳаққ нахоҳанд дошт шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Укроин ва Молдоваро ба кор бигиранд.
Афзун бар ин, нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирон дар Ёқутистон 8760 рубл аст, ки гаронтарин қимат дар Русия буда ва онро корфармо бояд пардохт кунад.
Москвитин ҳамчунин гуфт, ки Ёқутистон ҳамчунин саҳмия барои муҳоҷирони кориро низ коҳиш медиҳад. Чунончи, дар соли 2017 ин ҷумҳурӣ танҳо барои 338 муҳоҷир муҷаввизи кор дода буд, дар сурате, ки дар вилоятҳои ҳамсояаш ин омор аз 5 то 20 ҳазор саҳмия дар сол аст.