Муҷозоти кумак ба коргарони муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Русия афзоиш ёфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкУсиление мер безопасности в Москве
Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Русия аз рӯзи аввали январи соли 2018 муҷозоти ба иҷора додани хонаву василаи нақлия ба коргарони хориҷии ғайриқонунӣ афзоиш ёфт ва мутахаллифонро ҷаримаҳои молии сангин дар интизор аст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ин қонун, ки ба имзои раисҷумҳури Русия расидааст, аз аввали январи соли 2018 иҷроӣ шуд ва додгоҳҳои ин кишвар метавонанд афрод, корфармоён ва вакилони мудофеъро барои вогузории манозил ва васоили нақлия ва ироаи хадамоти ҳуқуқӣ ба коргарони хориҷии ғайриқонунӣ, то 500 ҳазор рубл (наздики 9 ҳазор доллар) ҷарима кунанд .

Қаблан ин ҷарима 300 ҳазор рубл буд .

Мақомоти Русия ҳадаф аз ин ташдиди муҷозотро контроли раванди муҳоҷират ба Русия эълом кардаан.

Ба гуфтаи ин мақомот, ҳамасола садҳо ҳазор коргари хориҷӣ барои кор вориди Русия мешаванд, ки бархе аз онон бо табонӣ бо корфармоён, соҳибони хонаву амлок ба ҳадафи фирор аз пардохти андоз ва ҳазинаи дарёфт иҷозатномаи кору иқомат, хонаву мошин иҷора мекунанд .

Ҳамчунин Маҷлиси Думаи Русия тарҳи қонуни ихроҷи атбои хориҷии ғайриқонуниро дар ин кишвар тасвиб кард, ки бар ин асос, идораҳои полис метавонанд коргарони муҳоҷири хориҷии ғайриқонуниро то 90 рӯз дар боздоштгоҳҳову марокизи вижа нигаҳдорӣ кунанд, то ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод содир шавад.

Лентаи хабарҳо
0