ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба гузориши рӯзномаи дубаии Khaleej Times, ин сафар бо даъвати амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, нахуствазир ва ноиби раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки дар фурӯдгоҳи Дубай Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро вазири тасомуҳ шайх Наҳён бин Муборак Оли Наҳён ва вазири кишвар дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ хонум Рим бинти Иброҳим ал-Ҳошимӣ пешвоз гирифтаанд.
Шоҳзода Карим Оқохон дар ин сафар бо раҳбарони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дидор ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногунро баррасӣ хоҳад кард.
Қарор аст, ки Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV имрӯз дар Дубай бо пайравонаш низ дидор кунад.