Шоҳзода Карим Оқохон яке аз пурнуфузтарин шахсиятҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

© Foto / Aga Khan Development NetworkПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Карим Оқохон барои чандумин бор аз пурнуфузтарин чеҳраҳои ҷаҳони ислом шинохта шуд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik.  Шоҳзода Карим Оқохон дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё дар мақоми 40-ум ҷой гирифтааст.

Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.

Рахмон совершил хадж умра в Мекке - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум чеҳраи асаргузори ҷаҳони Ислом шуд

Ҳамчунин дар ин феҳрист раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ номбар шудаанд.

Дар ин радабандӣ дар ҷойи аввал номи яке аз руҳониёни суннии Миср Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб омадааст. Номи подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва подшоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн Ҳусайнӣ ҳам дарҷ шудаанд. Дар панҷгонаи аввали ин феҳрист номи оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ — роҳбари Эрон ва раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ворид шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ 1 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк аз Анҷумани осиёии "Asia Game Changer Awards" ҷоизаи "Дастовардҳо дар зиндагӣ"-ро дарёфт кард.

© Sputnik / Victoria LyubavinaШоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0