Имсол моҳи шарифи Рамазон кай фаро мерасад? Посухи Шурои уламо

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Рамадана в Москве
Празднование Рамадана в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2017 мусалмонони Тоҷикистон аз 27-уми май сар карда рӯза гирифта буданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки имсол моҳи шарифи Рамазон 15-уми май фаро мерсад.

Ин изҳороти худро коршиносони марказ ҳангоми посух ба як суоли корбари сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон гуфтаанд.

Пурсанда, ки худро Насим муаррифӣ мекунад, аз Шурои уламо хоҳиш кардааст, ки рӯзи тахминии фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро эълон кунанд.

"Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Имсол моҳи шарифи Рамазон кай меомада бошад?",- пурсон мешавад вай.

Дар посух коршиносон гуфтаанд, тахмин меравад, ки мусалмонон аз 15-уми май рӯза гиранд, аммо рӯзи дақиқи саршавии моҳи Рамазонро Шурои уламо эълом хоҳад кард.

"Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тибқи ҳисоби қаблӣ имсол аввали моҳи Рамазон тақрибан ба 15-уми май рост меояд, аммо рўзи дақиқи он баъд аз баргузоршавии ҷаласаи Шўрои уламо муайян мегардад",- омадааст дар посухи марказ.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзаи салқин: ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон борон меборад

Дар соли 2017 мусалмонони Тоҷикистон аз 27-уми май сар карда рӯзи гирифта буданд.

Қариб 98 дар сади аҳолии Тоҷикистон пайрави дини Ислом мебошанд. Ҳамчунин дар кишвар 85 Иттиҳодияҳои ғайримусалмонии динӣ худро ба қайд гирифтаанд.

Рӯза-яке аз аркони дини Ислом аст, ки гирифтани он барои ҳар як мусалмон фарз мебошад.

Лентаи хабарҳо
0