ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Бино ба додаҳои Маркази обуҳавошиносӣ, ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, раъду барқ ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Рӯзи сешанбе дар бархе аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон шамоли сахт мевазад.
Борони кӯтоҳмуддат борида, ҳарорати ҳаво паст мешавад.
Имрӯз дар Душанбе ҳавои гарми бебориш ҳукмфармо аст. Ҳарорати ҳаво 39 дараҷа мебошад.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво каме пасттар 35 — дараҷаро ташкил медиҳад.
Рӯзи сешанбе дар Душанбе ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа поён фаромада, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар шаҳри Хуҷанд миёнаҳои ҳафта ҳарорати ҳаво то 30 — 32 дараҷа паст мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ имрӯз борон борида, ҳарорати ҳаво 30 дараҷа гарм аст. То 31 май дар ВМКБ ҳарорати ҳаво то 26 дараҷа паст мефарояд. Шабона салқинтар шуда, 9 —11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.