Масҷидҳои Тоҷикистон муваззаф шуданд аз даромадҳои худ гузориш диҳанд

© SputnikПразднование Курбан-Байрама в Душанбе
Празднование Курбан-Байрама в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масҷидҳои Тоҷикистон аз 22 январ мулзам ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бар асоси ислоҳияи ворида ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон, масҷидҳо муваззаф ба ироаи гузориш аз амалкарди молии худ шуданд.

Ин ислоҳия ба пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб расид ва акнун масҷидҳо, калисоҳо ва дигар созмонҳои мазҳабӣ дар кишвар бояд дар бораи манобеъи молӣ, наҳваи ҷамъоварӣ ва ҳазина кардани кумакҳои мардумӣ ва пардохти андоз гузориш диҳанд.

Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон имомхатибҳои таҳсилкарда дар хориҷро аз масҷидҳо дур мекунанд

Дар Тоҷикистон масҷидҳо, калисоҳои русӣ ва ягона канисаи яҳудиён аз ҳисоби кумакҳои хайрияи мардумӣ фаъолият мекунанд.

Аз соли 2014 имом хатибони 265 масҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз ҳисоби будҷаи давлат ҳуқуқ дарёфт мекунанд.

Соли 1990 ва дар даврони Шуравӣ бо пешниҳоди Идораи динии мусулмонони Тоҷикистон ва мувофиқати маҷлис, масҷидҳои кишвар аз пардохти молиёт озод шуда буданд.

Соли 2012 ба дастури Кумитаи динии Тоҷикистон, имомони масҷидҳои кишвар муваззаф шуданд, ки дар бораи теъдоди намозгузорон, мизони кумакҳои хайрияи мардумӣ ва даромади молии худ гузориш диҳанд.

Дар Тоҷикистон интисоби имомони масҷидҳо бо пешниҳоди Шурои уламо анҷом мешавад.

Лентаи хабарҳо
0