Дар Тоҷикистон имомхатибҳои таҳсилкарда дар хориҷро аз масҷидҳо дур мекунанд

© SputnikПразднование Рамазана в Душанбе
Празднование Рамазана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросими Тоҷикистон тасмим гирифта, ки имомхатибҳои таҳсилкарда дар хориҷро аз масҷидҳо барканор кунад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Имомхатибҳои масҷидҳое, ки дар мадрасаҳои диниии хориҷӣ таҳсил кардаанд, бо имомхатибҳое ҷойгузин карда мешаванд, ки дар Тоҷикистон таҳсил кардаанд, гуфтааст сухангӯи Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросим Афшин Муқим.

Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода: маҳдудияти динӣ дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вуҷуд дошт, ҳоло не

Вай афзудааст, ки ин тасмим шомили имомхатибҳое мешавад, ки ғайриқонунӣ дар хориҷ таҳсил кардаанд ва руҳониёне, ки қонунан дар хориҷ таҳсил кардаанд, аз имомат барканор карда нахоҳанд шуд.

Сухангӯи Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросим гуфтааст, ки дастури барканории имомхатибҳои таҳсилкарда дар хориҷ ба ҳама бахшҳои ин Кумита дар саросари кишвар дода шудааст.

Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода ин тасмимро дурусту писандида шумурдааст.

"Агар Кумитаи умури дину танзими ҷашну маросим, ки ниҳоди масъули давлат дар ин замин аст, чунин тасмиме гирифтааст, пас далеле дорад ва тасмимгирияш дуруст аст", — гуфтааст вай ба хабарнигорон.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки "агар манзур аз ин пешниҳод барканории худаш аз симати раёсати шурои уламо бошад, омода аст, канор биравад".

Лентаи хабарҳо
0