Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳ бодом шинонданд

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурРустам Эмомалӣ
Рустам Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.

Ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

Дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар ин мавзеъ шинос шудааст.

Раисҷумҳур ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва идораҳои марбута дастур дода, ки ҷиҳати боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ, ба як ҷойи хушманзара табдил додани он, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ, дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонида шуда, нашъунамои хуби онҳо таҳти назорат гирифта шавад.

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳурРустам Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон
Рустам Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, Боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, Боғи ҷавонони пойтахт ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо додааст.

Заседание правительства РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукуматро оғоз кард

Дар баробари дарахтони ороишӣ имрӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд.

Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии "Асадулло"-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардид.

Сарвари давлат ба мутахассисон ва коргарони Боғи Наврӯзгоҳ, инчунин дигар боғдорон маслиҳат дода, ки дар айёми камобӣ ба масъалаи яхобмонӣ ва нигоҳубини хуби дарахтон аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт бо рафти корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Боғи кӯдакон ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.

ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Супориши Раҳмон ба Рустам ҳангоми ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ

Ёдовар мешавем, ки зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатиро бунёд карда, дар хизмати сокинону меҳмонони пойтахт мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар ҳамаи беш аз 90 иншооти бунёдшавандаи пойтахт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад.

Боғи кӯдакон дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемур аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Боғи Наврӯзгоҳ аз ҳисоби Рустами Эмомалӣ ва Боғи назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз тарафи роҳбари Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода сохта шуда истодааст, ки имрӯз сарвари давлат аз рафти корҳо дар онҳо ва дигар иншооти пойтахт, шинос шуданд. 

Боғи кӯдакон, ки аз ҷониби  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта мешавад, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0