Аслов ба Шӯрои амнияти СММ: барои татбиқи тарҳи КАСА-1000 кумак кунед

© Фото : Аз ВУХВазири ВУХ дар қароргоҳи СММ
Вазири ВУХ дар қароргоҳи СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони “Эҷоди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи пайвандсозии бехатарӣ ва рушд”, ки таҳти раёсати Қазоқистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.   Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Дар ин ҳамоиш Дабири Кулли СММ, вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Кувайт, Россия, Гвинеяи Экваторӣ, муовинони вазири корҳои хориҷии ИМА, Афғонистон, Недерланд ва дигар намояндагони кишварҳои аъзои СММ ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Сироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли СММ мулоқот кард

Зимни суханронии худ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти доғи рӯз дар минтақа, аз ҷумла бадшавии вазъ дар Афғонистон, афзоиши терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва тағйирёбии муҳити зист ҷалб намудааст.

"Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор кардани сулҳу амният дар Афғонистон тавассути рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он кишвар, бар он ақидааст, ки ҳамкориҳои минтақавӣ унсури муҳим дар таҳкими субот дар ин кишвари ҷангзада ва дар саросари минтақа мебошад", — гуфтааст Аслов.

Барои ҳалли мушкилоти болозикр пиёдасозии иқдомоти қавитар тариқи тавсеаи ҳамкориҳо ва шарокати минтақавӣ зарур арзёбӣ гардидааст.

Сироҷиддин Аслов ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки барои татбиқи пружаҳои иҷтимою иқтисодӣ дар ин кишвар, бахусус лоиҳаҳои минтақавӣ ба мисли КАСА-1000, ТУТАП ва ғайраҳо, ки барои рушди устувори Афғонистон заминаи муҳим мегузоранд, кумакҳои беғаразонаи худро дареғ надоранд.

Лентаи хабарҳо
0