Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли СММ мулоқот кард

© Пресс-служба МИД РТСироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото
Сироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2018 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Вазорати умри хориҷаи Тоҷикистон дар бораи мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти вазир ва дабир имрӯз дар Ню-Йорк дар қароргоҳи аслии СММ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Зимни суҳбат ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки моҳи июни соли 2018 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, имрӯз вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дар Шурои амнияти СММ ширкат кард, ки дар қароргоҳи СММ дар Амрико баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0