Супориши Раҳмон ба Рустам ҳангоми ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ

© Flickr \ Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз президенти Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ҳусни анҷом бахшиданд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт бо шинонидани ниҳолҳо ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Тибқи иллитои манбаъ,  раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳо барои омодагӣ ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дастур додааст.

© Flickr \ Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезмденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали  - Sputnik Тоҷикистон
Презмденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон сараввал бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуд, сипас ба президент лоиҳаҳои нави бунёди гулгаштҳо дар майдони Боғи Наврӯзгоҳ муаррифӣ карда шуд, гуфта мешавад дар хабар.

Боғи Наврӯзгоҳ дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шуда, соли 2014 ба истифода дода шудааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон  маркази шаҳри Душанберо оро медиҳад.

Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам дар бораи фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ

Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонида шудааст.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он ба ҳисоб меравад. Дар боғи Наврӯзгоҳ ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.

Лентаи хабарҳо
0