Ҳунарнамоии Ақназар Аловатов ва Афзалшо Шодиев дар Душанбе

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар барномаи фарҳангӣ Афзалшо Шодиев, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муҳаррама Шарипова ,ансамблҳои рақсии "Ҷаҳоноро" ва "Чаман", ҳунарпешагон Ҳақназари Ҳукумзод, Ҳақназар Аловатов, Ҳангома Хушназарова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 30 январ ҷашни "Сада" таҷлил мешавад. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 30 январи соли 2018 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Дӯстии халқҳо" ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Дар барномаи ҷашнӣ намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, намоиш ва фурӯши маснуоти хоҷагидорӣ ва киштукор, инчунин барномаи консертии устодони санъати тоҷик дар назар аст.

Благотворительный концерт Памирских звезд - Sputnik Тоҷикистон
Чу узве ба дард оварад рӯзгор: консерти хайрияи овозхонҳои бадахшонӣ дар Маскав

Барномаи идонаро озмуни ҷашнӣ дар чор бахш, яъне дастархони Сада, ниҳолҳои мевадиҳанда, ниҳолҳои сояафкан ва гулу буттаҳо, суруди беҳтарин дар васфи Сада пура мекунад.

Барои дӯстдорони рақсу суруд ва оҳангҳои ҷолиб барномаи ҳунарии устодони санъати тоҷик ва ҳаваскорони ҷавон пешкаш карда мешавад. Дар назар аст, ки дар барномаи консертӣ устодони варзидаи санъат мисли Афзалшо Шодиев, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муҳаррама Шарипова, ансамблҳои рақсии "Ҷаҳоноро" ва "Чаман", ҳунарпешагон Ҳақназари Ҳукумзод, Ақназар Аловатов, Ҳангома Хушназарова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0