Дар ҳаҷ ҳам масъулини тоҷик саҳлангорӣ мекунанд: саргардониҳои зоирон дар Макка

© SputnikПаломники из Таджикистана отправляются в хадж
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар наворе ҳоҷиён шикоят мекунанд, ки дар Арафот ва Мино зоирон шабҳангом бе ҷои хоб монанд. Аз гуфтаҳои аз онҳо чунин бар меояд, ки хаймаҳояшонро зоирони узбакистонӣ гирифтаанд ва амволи онҳоро ба ҷойе партофтаанд

Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар сафҳааш навореро мунташир кардаву навиштааст, ки бархе аз зоирони тоҷик дар Арафот ва Мино аз саҳлангории масъулон шабҳангом бе ҷои хоб монанд.

Чуноне, ки аз навори мунташиршуда бар меояд, гурӯҳе аз зоирон ҳангоми баргаштан ба хаймаҳояшон огоҳ мешаванд, ки кадом гурӯҳи дигаре ҷои онҳоро гирифтааст ва ашёи онҳо нест.

Гурӯҳе аз занон иқоматгоҳи муваққаташонро ҷустуҷӯ мекунанд ва шикоят доранд, ки роҳбаладашон барои ҳалли ин қазия ба онҳо кӯмак намерасонад.

Дар навори дигар марде мегӯяд мардуми Истаравшан имрӯз саргардон шуданд.

"Халқи тоҷик дар ҳамин ҷо ҳам бе масъул ва саргардон аст. Як масъул нест, ки ҳалл кунад. Мардон майлаш, занонро бинед. Дохили ин хаймаҳо даромада намешавад. Либосҳоро ҳамаро дар ҷойе партофтаанд", — мегӯяд вай.

Аз ин наворҳо бармеояд, ҷои онҳоро зоирони узбакистонӣ гирифтаанд ва ҳама ашёи онҳоро ба хаймаи дигаре бурда партофтаанд. Дар ҳоле, ки худи онҳо бехабар буданд.

Лентаи хабарҳо
0