Пас аз супориши Аҳмадзода: дар Истаравшан ситоди шаҳрӣ таъсис ёфт

Обуна шудан
Барои иҷрои супориши роҳбарияти вилоят дар бораи яхобмонии заминҳои корам дар шаҳри Истаравшан ситоди шаҳрӣ ташкил гардидааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар дода шудааст.

Ба иттилоъи сухангӯи шаҳрдории Истаравшан Шералӣ Азимӣ, дар машварати кории шаҳрдорӣ масъалаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

"Дар машварат дар назди масъулин ҷиҳати ташкили ярмарка – фурӯши ниҳолҳо, захираи тухмии картошка ва ба роҳ мондани кишти барвақтии он, яхобмонӣ, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, омодасозии иншооти ҷашнӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масаъаҳои муҳим вазифагузорӣ карда шуд", — омадааст дар хабарнома.

Раджаббой Ахмадзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Супоришҳои раиси нави Суғд дар бораи корхонаҳои бузурги хусусӣ

Гуфта мешавад, ки яхобмонии заминҳои корам бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони имсола сурат мегирад.

Пештар хабар дода шуд, ки Раҷаббой Аҳмадзода раиси нави вилояти Суғд, дар машварати корӣ таваҷҷӯҳи масъулини соҳаро ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими кишти баҳорӣ ҷалб намуд.

Бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони имсола бо амри роҳбари вилоят фавран ситоди вилоятии ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ва шӯршӯӣ дар заминҳои корам ташкил гардида, дастур дода шуд, ки чунин ситодҳо дар ҳама навоҳии кишоварзӣ низ таъсис дода шаванд.

Лентаи хабарҳо
0