Намояндаи ВМКБ дар озмуни "Мураббии сол-2017" ширкат карда натавонист

CC0 / Pixabay / Цветные карандаши, архивное фото
Цветные карандаши, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба далели номусоидии роҳ дар озмуни "Мураббии сол-2017" ширкат карда натавонист

ДУШАНБЕ, 16 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати маорифи ҶТ хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, тайи се рӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ озмуни ҷумҳуриявии "Мураббии соли Тоҷикистон-2017" баргузор гардид.

Рӯзи 12 январ дар толори Вазорати маориф озмуни ҷамъбаст шуд.

"Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев аз номи вазири маорифи ҷумҳурӣ, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро табрик намуда, гуфт, ки аз панҷ нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун иштирок карда натавонист", — омадааст дар хабарнома.

Ситуация на автодороге Душанбе-Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати ронанда дар паи сангрезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ

Ба ин далел озмун миёни чаҳор довталаб: Исмонова Матлуба – мураббияи кӯдакистони рақами 98-и шаҳри Душанбе, Назарова Муҳайё – мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Исмоилова Меҳрангез – мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Минназарова Саъбагул – мураббияи кӯдакистони рақами 8-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.

Ҳайъати доварон ба баромади Исмонова 155,5, Минназарова- 167, Назарова-191,5 ва Исмоилова 215 хол баҳогузорӣ кардаанд.

Дар натиҷа намояндаи вилояти Суғд Меҳрангез Исмоилова бо касби холи аз ҳама зиёд соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба ӯ мукофот дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

© Пресс-служба министерства образования РТВ Таджикистане объявлена лучшая воспитательница 2017 года
В Таджикистане объявлена лучшая воспитательница 2017 года - Sputnik Тоҷикистон
В Таджикистане объявлена лучшая воспитательница 2017 года

Ҳамчунин, тамоми иштирокчиён бо фармоиши вазири маориф ва илм бо унвони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  шудаанд.

Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар низ ба иштирокчиён тӯҳфаҳои пулӣ супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0