Додгоҳи Рашт ду корманди маорифро ҷарима кард

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Рашт ду корманди соҳаи маорифро барои омода намудани "Номаи камол"-и қалбакӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Додсситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гузориши равобити умумии Додситонии кулл, мудири муассисаи таҳсилоти умумии асосии №68 ноҳияи Рашт Я. Толибов охирҳои моҳи августи соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба ному насаби Д. Асалзода "Номаи камол" омода намуда, бар ивази 500 сомонӣ ба Н. Эшонова додааст.

Ҳамчунин номбурда авоили моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур А. Асрориддин аз падари ӯ А. Қуқанов бо роҳи тамаъҷуӣ 400 сомонӣ пора талаб намуда, гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рашт Я. Толибов ва Н. Эшонова гунаҳкор дониста шуда, ба Я. Толибов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150 000 сомонӣ ва ба Н. Эшонова ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000 сомонӣ таъйин гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0