Тоҷикистон ва Узбакистон колоҳои худро ба якдигар намоиш медиҳанд

© SputnikВыставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017
Выставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе ва Тошканд намоишгоҳҳои колоҳои сохти Узбакистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон тавофуқ кардаанд, ки дар пойтахтҳои якдигар намоишгоҳҳои колоҳои худро баргузор кунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

“Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон, ки 10 январ ба раёсати нахуствазирҳои ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои колоҳои сохти ду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд”, — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Бино бар ин тавофуқ, намоишгоҳи колоҳои сохти Тоҷикистон дар Тошканд дар нимаи аввали имсол ва намоишгоҳи колоҳои сохти Узбакистон дар Душанбе дар нимаи дувуми сол баргузор хоҳанд шуд. Торихи дақиқи баргузории ин намоишгоҳҳо дар наздиктарин замон муқаррар хоҳад шуд.

Ҳамчунин ду кишвар қарор додаанд, ки дар соли 2019 Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон ва дар соли 2020 Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон баргузор шаванд.

Нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон баргузор шуда буд. Дар ин намоишгоҳ 160 ширкати узбакӣ сохтаҳову дастовардҳояшон, аз ҷумла тавлидоти саноеъи сабуку мошинсозӣ, кимиёӣ, дорусозӣ, корхонаҳои созандаи дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, мошинҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайраро ба намоиш гузошта буданд.

Ҳамчунин моҳи октябри соли гузашта дар Тошканд намоишгоҳи колоҳои сохти Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он 150 ширкати тоҷикӣ масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти саноеъи маъдан, мошинсозӣ, коркарди филиззҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, хӯрокворӣ ва ғайраро ба намоиш гузошта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0