ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Режае, ки қарор буд, имсол 23 феврал ба муносибати 25-умин солгарди бунёди Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, бо қарори Ҳукумати ҶТ бар по нахоҳад шуд, гузориш медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.
"Режаи ягонҳои подгони низомии шаҳри Душанбе ба муносибати 25-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврал баргузор намешавад", — гуфтааст яке аз масъулини давлат ба хабаргузорӣ.
Вай гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ дастур дода, ки 9 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли кишвар режаи бошукӯҳ барпо намояд.
"Ҳукумат ҳамчунин ба ҳама вазорату идораҳо дастур дода, ки ҳаргуна ҷашну барномаҳои худро дар 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон барномарезӣ кунанд", — таъкид кардааст ин масъул.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар дар ростои иҷрои фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 19 декабри соли 2017 "Дар бораи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон" гирифта шудааст.
Раисҷумҳур ба ҳукумат дастур дода буд, ки дар ду моҳ Кумитаи баргузории ҷашнро таъсис диҳад ва барномаро ҷашнро омода ва тасвиб кунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-умин солгарди истиқлолашро 9 сентябри соли 2021 ҷашн хоҳад гирифт.