Тоҷикистон 25-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳашро бо шукӯҳ ҷашн хоҳад гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевПередача военной техники Республике Таджикистан от российской стороны
Передача военной техники Республике Таджикистан от российской стороны - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар чорчӯби ин солгард, ки 23 феврали соли 2018 ҷашн гирифта мешавад, баргузории режа, барномаҳои фарҳангиву ҳунариву варзишӣ, интишори китобҳо, таҳияву намоиши филмҳои мустанад ва дидор бо куҳансарбозон дар назар гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-умин солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи худро бо шукӯҳ ҷашн хоҳад гирифт, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз манбаъе дар Вазорати дифоъи ҶТ.

"Ба муносибати ин солгард, ки 23 феврали соли 2018 ҷашн гирифта мешавад, дар Душанбе режаи низомӣ бо ширкати сарбозону афсарони подгони пойтахт баргузор хоҳад шуд", — тавзеҳ додааст ин манбаъ дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон.

Гузашти низомӣ ба ифтихори Иди ғалаба - Sputnik Тоҷикистон
Артиши Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 112-ум шуд

Ҳануз шумори сарбозону афсарону ҷангафзорҳое, ки режа хоҳанд рафт, дақиқ нашудааст. Вале дар чорчӯби ин ҷашн баргузории барномаҳои фарҳангиву варзишӣ, интишори китобҳо, таҳияву намоиши филмҳои мустанад ва дидор бо куҳансарбозон дар ҳама ягонҳои Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ дар назар гирифта шудааст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ягон — Нерӯҳои зудвокуниш, Нерӯҳои заминӣ ва Нерӯҳои ҳавоӣ ва падофанди ҳавоӣ ташкил шудаанд.

Дар радабандиии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон дар соли 2016 (Global Firepower Military Ranks-2016) Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 81-умин ҷойгоҳ қарор доранд.

Бино ба додаҳои ин радабандӣ, Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 25 ҳавопаймои ҷангӣ, 4 ҳавопаймои омӯзишӣ, 20 чархболи чандкора, 6 чархболи ҷангӣ ва 10 тӯпхонаи ядакӣ доранд.

Шумораи низомиёни Тоҷикистон 6 ҳазор сарбозу афсар буда, 3,2 милюн кас дар кишвар машмули хидмати сарбозӣ ҳастанд. Ҳар сол 152 ҳазор кас машмули хидмати сарбозӣ мешавад.

Будҷаи дифоъии Тоҷикистон 75 милёрд дулор дар сол баровард шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0