ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тавре Ожонси мубориза бо маводи мухаддир хабар додааст, дар соли 2017 нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз қочоқчиён 1 740 кг 335 гр маводи нашъадор дарёфт ва мусодира кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, маводи нашъаовари мусодирагардида аз 27 кг 267 гр героин, 455 кг 629 гр афюн, 865 кг 711 гр ҳашиш, 386 кг 820 гр бангдона (канабис), 4 кг 908 гр метамфитамин иборат будааст.
Афзун бар ин, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумита 577 ҳазору 507 бех ниҳоли банги ҳиндиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ дарёфт ва нобуд кардаанд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин амалиёт 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутрашон гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.