Ширкати чинӣ дар Қирғизистон “Шаҳри ҳушманд” месозад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЛоготип китайской компании Huawei Technologies, архивное фото
Логотип китайской компании Huawei Technologies, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати чинии "Huawei Technologies" дар Қирғизистон тарҳи навоваронаи “Шаҳри ҳушманд”-ро роҳандозӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва ширкати “Huawei Technologies” 11 январ қарордоди иҷрои муштараки тарҳи “Шаҳри ҳушманд”-ро имзо карданд, хабар дод сухангӯи ҳукумати Қирғизистон.

“Маросими имзои қарордод бо ширкати “Huawei Technologies” дирӯз бо ҳузури нахуствазир Сафар Исҳоқов дар ҳукуматсарои Қирғизистон баргузор шуд”, — гуфт вай ба хаюаргузории РИА Новости.

Қарор аст, ки дар иҷрои ин тарҳ 60 милюн дулор сармоягузорӣ шавад.

Дар чорчӯби ин тарҳ дар назар аст, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш, бузургроҳҳои Бишкек – Ӯш, Бишкек – фурӯдгоҳи Манас ва Бишкек – Иссиқкӯл дурбинҳои мадорбаста гузошта шаванд.

Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пойтахти тоҷиконро ба "шаҳри ҳушманд" табдил медиҳанд

Дастгоҳҳо ва барномаҳоро ширкати "Huawei Technologies" таҳия хоҳад кард.

“Шаҳри ҳушманд” (Smart City) шаҳреро мегӯянд, ки бар асоси охирин назарияҳои такомулёфтаи мудирияти шаҳрӣ бар пояи фанновариҳои иттилоъоту иртиботот шаш меъёри аслиро дошта бошад, ки иборатанд аз шаҳрдории ҳушманд, шаҳрванди ҳушманд, муҳиту маҳалли зиндагии ҳушманд, иқтисоди ҳушманд, таробарии ҳушманд ва энержии ҳушманд.

Лентаи хабарҳо
0