Пойтахти тоҷиконро ба "шаҳри ҳушманд" табдил медиҳанд

© SputnikНациональный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳри Душанберо ба "шаҳри ҳушманд" табдил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, муовини якуми раиси ин бонк Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои тарҳи "Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ"-и Вазорати рушди байнулмилалии Бритониё (DFID) дидор ва мулоқот кардааст.

Дар ин дидор ҳамчунин сармутахассиси бахши хусусӣ – ҷаноби Девид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ — ҷаноби Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодии DFID – хонум Зойе Грин шират доштаанд.

Коршиноси бахши хусусии DFID ҷаноби Девид Эллиот гуфтааст, ки Барномаи "Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ", ки аз DFID маблағгузорӣ мешавад, инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанберо рушд хоҳад дод.

Ҷамолиддин Нуралиев ба муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахт ба сифати "шаҳри ҳушманд" таваҷҷӯҳ зоҳир карда, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро таъкид намудааст.

Ҷонибҳо ҳамччунин пайваст намудани дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба ин тарҳ баррасӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0