ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милиса марди 44-сола, сокини шаҳри Ҳисорро ба иттиҳоми аз худ кардани пулҳои бонк дастгир карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам аз соли 2014 то соли 2017 худро соҳибкор муаррифӣ карда бо мақсади равнақу ривоҷ додани тиҷораташ аз филиали ҶСП "Тоҷпромбонк", воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ба маблағи 150000-сомониро ба муҳлати 18-моҳ қарз гирифтааст.
"Номбурда 110515-сомонӣ қарзи асосии фоизҳоро супорида, боқимонда 7000-доллари амрикоиро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст. Ба филиали мазкур 193696-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст",- гуфта мешавад дар хабар.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.