ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар навтарин гузориши Бонки ҷаҳонӣ аз вазъи иқтисоди Тоҷикистон нуқоти заъфи бонкҳо нишон дода шудаанд, ки имкон намедиҳанд ин бунгоҳҳои иқтисодӣ нақши худро дар иқтисоди кишвар чунон ки бояд иҷро кунанд.
"Шитоби тунди дулорӣ шудани муомилот, мизони поини супурдаҳо, ҳаҷми беш аз ҳадди вому эътиборҳое, ки бозпардохт намешаванд ва вобастагии бисёр ба таъмини молии умда аз вижагиҳои аслии бонкҳои Тоҷикистон шудаанд, ки нақши миёнҷигарии молии онҳоро маҳдуд мекунанд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.
Коршиносони БҶ дар ин гузориш гуфтаанд, ки набуди манобеъи сармоягузорӣ ва камбуди афзорҳои мудирияти нақдинагии бонкҳо монеъ аз рушди бахши молии иқтисоди Тоҷикистон шудаанд.
Аз дигар мушкилоти сохторӣ дар ин замина созукорҳои маҳдуди арзёбии риски бар нагаштани эътибор ва коҳиши пайомадҳои он, набуди пуштивонаи эътиборӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва корофаринӣ дониста шудаанд. Бино ба ин гузориш, дар нӯҳ моҳи аввали соли 2017 ҳаҷми пул 23 дарсад бештар аз ҳамин давра дар соли 2016 будааст.