"Салом": Beeline барномаи NGN-ро фаъол кард

CC BY 2.0 / Pittaya Sroilong / Nexus OneСмартфон, архивное фото
Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Beeline" хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ "Салом"-ро дубора фаъол кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Хизматрасонии "Салом" дубора фаъол карда шуд ва муштариён метавонанд аз он истифода кунанд. Дар ин бора дар равобити умумии ширкати мобилии "Beeline" хабар дода шудааст.

Ширкат аз муштариён барои пурсабрӣ изҳори сипос кардааст.

"Барои фаҳмидани вазъияти ба мо вобаста набуда, аз Шумо миннатдорем".

Сотовый телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Viber ҳам қисман баста шуд: дар Тоҷикистон

Зимнан ширкат, мегӯяд, хизматрасонии "Салом" танҳо барои муштариёне дастрас хоҳад буд, ки расмиёти азнавбақайдгириии рақамҳоро гузаштаанд. 

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати "Вавилон-Мобайл" барномаи ҷадид "Моби Гап"-ро роҳандозӣ кардааст.

Кормандони "Вавилон-Мобайл" мегӯянд, бо анҷоми амалиёти фаннӣ муштариёни шабака метавонанд аз тариқи симкорти ин ширкат дар дохил ва бо тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бо ҳазинаи каме дар тамос бошанд.

Ба гуфтаи Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати "Вавилон-Мобайл", барномаи "Моби Гап" танҳо марбут ба ин ширкат аст ва гуфтугӯҳои телефонӣ аз тариқи симкортҳои ин ширкат дар дохил ва хориҷ аз кишвар фароҳам мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0