Имомхатиби нурободӣ рӯирост Эронро дар куштори 150 000 тоҷик муттаҳам кард

© Sputnik / Александр ПоляковСлужба в мечети, архивное фото
Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Абдусаттор Юсупов, маҳз "нақшаҳои пасипардагии Эрон боиси марги 150 000 тоҷикистонӣ" шудааст

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Нуробод Абдусаттор Юсупов Эронро дар кушта шудани 150 000 тоҷик муттаҳам медонад. Мақолаи имомхатиб таҳти сарлавҳаи "Нақшаҳои пасипардагии Эрон боиси марги 150 000 тоҷикистонӣ шуд"  дар сомонаи Кумитаи умури дини Тоҷикистон мунташир шудааст.

Ба иддаои Абдусаттор Юсупов ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз бо ташаббусу сарпарастии Эрон сар зад, ки дар натиҷаи он ҷанг 150 000 тоҷик кушта шуданд.

"Агар ба таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол назар кунем, бароямон равшан мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо ташаббус ва дастгирии молиявии Эрон амалӣ шуда, дар натиҷа Тоҷикистон 150 000 шаҳрванди худро аз даст дод",- қайд кардааст ӯ.

Мухиддин Кабири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Имомхатиб: ҲНИТ дар Тоҷикистон мехост мазҳаби шиъаро густариш диҳад

Афзун бар ин, ба гуфтаи имомхатиби масҷид, Эрон то ҳол узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ ва роҳбари он Муҳиддин Кабириро дастгирӣ мекунад.

"Баъд аз фирори хоинони миллат мисли Кабириву ҳаммаслаконаш, ин кишвар ба онҳо паноҳ дода, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд",-қайд кардааст вай.

Дар охир Абдусаттор Юсупов, мегӯяд "аз ин гуна дӯст бояд ҳазар кард".

"Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст",- гуфтааст вай бо забони ибни Сино.

Лентаи хабарҳо
0