ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар сомонаи Маркази исломии Тоҷикистон мақолаи имомхатиби масҷиди ҷомеи "Нури ислом"-и шаҳри Хуҷанд Ибодулло Калонзода мунташир шудааст. Дар он Калонзода дар пайравӣ аз изҳороти Нурулҳақов "Шиагароӣ. Идеология ва амалияи он" андешаҳои худро баён кардааст.
Ӯ менависад, Эрон бо пирӯзии инқилоби исломии оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ ба кишвари исломӣ табдил ёфта, дин бо сиёсат омезиш ёфтааст. Ба гуфтаи имомхатиб, Эрон ҳамвора талош дошта, ки нуфузи худро дар кишварҳои пасошуравӣ, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст, густариш диҳад.
"Ибтидои солҳои истиқлолият дар кишвари мо шахсоне пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро мисли Эрон медиданд ва бо кӯмаку барномарезиҳои хоҷагони худ, мардуми боихлосро бо номи поки ислом ба қатлу куштор кашиданд. Зиёда аз ин, барои расидан ба сари ҳокимият роҳи ташкили ҳизби сиёсии диниро низ ба нақша гирифтанд. Ҳамин тавр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба миён омад, ки ба ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии мо зарари калон расонид", — мегӯяд Калонзода.
Дар бахши дигаре аз мақола имомхатиб менависад, Эрон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ аз мухолифин пуштибонии молӣ мекардааст.
Бино ба навиштаҳои муаллиф, ҲНИТ, ки аз ҷониби Эрон сарпарастӣ мешуда, мақсад доштааст ақидаҳои мазҳаби шиъаи ҷаъфариро дар Тоҷикистон густариш диҳад ва дар Тоҷикистон "Инқилоби исломӣ" ба амал оварад.
"ҲНИТ барои расидан ба ин мақсадҳои шуми худ, то соли 2015 миллионҳо долларро ҷамъ ва садҳо нафарро мусаллаҳ карда бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим зидди давлату ҳукумати қонунӣ ҳамлаи мусаллаҳона намуд ва симои аслии хешро нишон дод", — мегӯяд Ибодулло Калонзода.
Ба гуфтаи вай, бо далеле ки Эрон то ҳол Ҳизби наҳзати исломиро дастгирӣ мекунад, "аз мақсаду ниятҳои хеш нагаштааст".
Ба гуфтаи имомхатиб дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоии густариши мазҳаби шиъа вуҷуд надорад ва "кӯшиши Эрон дар ин самт ба ғайр аз нокомиҳо дигар натиҷае намедиҳад, вале сабаби вайрон гаштани муносибатҳои байнидавлатӣ мегардад, ки ин на барои мардуми Эрон манфиат дорад, на ба мардуми Тоҷикистон".
"Мо ҳама тарафдори муносибатҳои покдилона ва беғаразонаи байни кишварҳои худ ҳастем ва умед дорем, ки дар асоси эҳтироми арзишҳои миллии якдигар бо ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамдину ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, бидуни бозиҳои сиёсӣ-мазҳабӣ алоқаҳои мо дар соҳаҳои гуногун густариш ёбад", — омадааст дар анҷоми изҳорот.