ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, барномаи "Моби Гап" як навъ барномаи ҷадиди мессенҷер аст, ки барои муштариёни ин ширкат иртиботи телефони интернетиро дар дохил ва хориҷи кишвар фароҳам мекунад.
Кормандони "Вавилон-Мобайл" мегӯянд, бо анҷоми амалиёти фаннӣ муштариёни шабака метавонанд аз тариқи симкорти ин ширкат дар дохил ва бо тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бо ҳазинаи каме дар тамос бошанд.
Ба гуфтаи Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати "Вавилон-Мобайл", барномаи "Моби Гап" танҳо марбут ба ин ширкат аст ва гуфтугӯҳои телефонӣ аз тариқи симкортҳои ин ширкат дар дохил ва хориҷ аз кишвар фароҳам мешавад.
Ҷумъаев дар бораи истифода аз ин мессенҷер ҳам гуфт, баъд аз он ки муштарӣ барномаи махсуси "Моби Гап" —ро, ки дар сомонаи ширкат қарор дорад, дар телефони худ насб мекунад, метавонад аз тариқи ин барнома бо ҳар нафар, ки соҳиби ин барнома аст, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон тамос бигирад.
Ба гуфтаи вай, ҳазинаи як дақиқа тамос дар дохили шабака се дирам аст, вале агар бо шахсе тамос бигирад, ки дорои симкорти ширкатҳои дигари Тоҷикистон аст, барои як дақиқаи ин муколима бояд 12 дирам пардохт кунад.
Мутахассисони ин барнома мегӯянд, "Моби Гап" як навъ мессенҷер аст, ки хадамоти он на монанди "NGN", балки шабеҳи "WhatsApp" ва "IMO" аст.
Ин хадамот метавонад гузинаи дигаре барои тамосҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистон бо муштариёни дохил ва хориҷ аз кишвар бошад.
Ғафурҷон Иркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ширкатҳои мухобиротӣ дар талошанд то барномаҳои ҷадиди мухобиротиро барои муштариён арза кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба ҷуз аз панҷ ширкати мобилии "Вавилон", "Мегафон", Тселл", "Билайн" ва "Т.К-Мобайл", ки чаҳор ширкати аввал хадамоти интернетӣ барои муштариёнашон арза мекунанд, ҳафт ширкати дигар низ дар заминаи хадамоти интернет фаъолият мекунанд.