Маҷбур шудем: шикояти муҳоҷирони тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон аз баста шудани NGN

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" бо мунташир кардани лоиҳаи мактуби кушодаи чанде аз фаъолони гурӯҳ ба раисҷумҳури Тоҷикистон, хостанд ба Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро пас аз баста шудани NGN дар Тоҷикистон расонанд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Корбарони гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" бо интишор кардани сиёҳнависи номаи саркушода ба раисҷумҳури Тоҷикистон навиштаанд, хоҳишмандон метавонанд зери ин нома имзо гузоранд ва ё пешниҳоди худро бинависанд.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки онро гурӯҳе аз муҳоҷирон ва донишҷӯён ба раисҷумҳур ирсол хоҳад кард. Онҳо мегӯянд, ки пас аз як иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҷбур шуданд ба раисҷумҳури кишвар муроҷиат кунанд.

"Кӯтоҳи гап, дар ибтидо фарзияҳое ба вуҷуд омаданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехоҳад зангҳои NGN- ро, ки барои ҳар кадоми мо баҳри тамос бо пайвандонамон дар Ватан хеле арзону дастрас буд, барҳам диҳанд", — омадааст дар ин нома.

Ба гуфтаи онҳо,  NGN, ки зоҳиран дар Тоҷикистон бо далелҳои амниятӣ мамнуъ шудааст, тамоми муҳоҷиронро аз баҳрагирӣ аз фанновариҳои пешрафта маҳрум кардааст.

Ба гуфтаи онҳо дар асл, шояд мақсади Хадамоти алоқа дигар бошаду қатъ шудани алоқиаи NGN танҳо ба манфиати Хадамот бошад.

"Дар сурати кор гирифтан аз тамоси байналмилалӣ, хароҷоти ҳар муштарӣ 19 маротиба меафзояд. Яъне 1 миллиону 560 ҳазор доллар масраф мешавад!

Ин ҳисобҳо танҳо аз рӯи нархномаи тамос бо Русия — 13 сент барои як дақиқа гирифта шудаанд. Таври маълум, арзиши тамос бо кишварҳои хориҷаи дур бамаротиб гаронтар аст. Пас ин ҳама ба манфиати кист? Танҳо манфиати Хадамоти алоқа, ки ба эҳтимоли қавӣ аз сабаби мудирияти нодуруст гуфта мешавад ба буҳрони ҷиддӣ гирифтор шудааст?",- изҳори нигаронӣ мекунанд онҳо.

Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури Бег Сабуров ва баҳонаи амният дар Тоҷикистон NGN қатъ шуд

Мактубнависон ҳамчунин мавзуъи бар гардонидани мабалағҳои дар ҳисобашон бударо низ боло бардошта гуфтаанд, то ҳол касе ин корро ба дӯш нагирифтааст.

"Масалан аз ҳамин 200 ҳазор муштарии расмӣ, ки аз NGN истифода мекарданд, бовар дорем, дар суратҳисоби бисёре маблағҳои зиёд, аз 50 то 100 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар ҳифз шуда буд. Ҳоло мо донистан мехоҳем, ки тақдири ин маболиғ, ки дар умум арқоми бузургро ташкил медиҳанд, чӣ хоҳанд шуд? Ба кисаи кӣ хоҳад рафт? Чаро муҳоҷири соҳибватан, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ новобаста аз шароити душвор феълан дар хориҷи кишвар қарор доранд, бояд мавриди ғорат қарор бигиранд? Аз ин хотир, мо талаб менамоем, ки маблағҳои бо меҳнати ҳалол ҷамъовардаамон ба соҳибонашон баргардонида шаванд! Бигзор як комиссияи беғаразе таъсис ёбад ва ҳақ ба ҳақдор расад",- менависанд онҳо.

Муҳоҷиронро гуфтаанд, ин иқдоми мақомот онҳоро дилшикаста кард. Зеро аҳволи иҷтимоии онҳоро "касе ба назар нагирифтаасту танҳо дар пайи андозҷамъкунӣ шудаанд.

Онҳо афзудаанд, канда шудани муҳоҷирон аз технологияи навин, боиси зери хатар мондани эҳсоси ватанпарварии мардуми муҳоҷир мешавад.

"Фикр намекунед, ки бо ин "роҳҳои осони" андозҷамънамоиву беҳбуд бахшидани фаъолияти як гурӯҳ, мо аз ҳама паҳлӯи муҳим — эҳсоси ватанпарварии мардумро аз даст хоҳем дод? Зеро муҳоҷирони кории тоҷик, ба ҳар сурат, аз тариқи ин василаҳои дастраси иртиботӣ аз ахбори Тоҷикистон, ҳолу аҳволи пайвандони дурмондаашон бохабар мешаванд. Дар ҳолати дур шудан аз ин василаҳои технологӣ, оё мушкилоти равониву иҷтимоии мардуми кишвар афзоиш намеёбад? Мо бовар дорем, Шумо ҳамаи инро ба назар гирифта, бархе иқдомоти аз мантиқ дури мақомоти масъулро ҷонибдорӣ нахоҳед намуд", — омадааст дар анҷоми мактуб.

Лентаи хабарҳо
0