Дилноз Каримова ба ғамшариконаш: пеши пои ҳар яки Шумо сар фуруд меорам...

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкМедицинская капельница, архивное фото
Медицинская капельница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд мегӯяд, ки мехоҳад маблағҳои барои наҷоти фарзандаш ҷамъовардаро ба дигар ниёзмандон тақсим кунад

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Овозхони тоҷик Дилноз Каримова, ки тайи чанд вақти  ахир барои наҷоти фарзандаш Диёрбек Амниҷонов аз саратон шадидан мубориза мебурд, рӯзи гузашта дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки ҷигарбандаш даргузаштааст.

Ҳунарманд пеш аз гуфтани хабари марги фарзандаш сараввал ба ҳамаи нафароне, ки барои наҷот додани Диёрбек кӯшиш мекарданд, миннатдорӣ баён кардааст.

"Салом модарон, хохарон, бародарон ва мухлисону ҳамватанони азизам. Салом ба ҳамаи онҳое, ки тайи чанд ҳафта ба ғаму дарди ман шарик буданд… Аз муҳаббату лутфу меҳрубониву дастгирии ҳар яки Шумо аз замин то осмон миннатдорам… Пеши пои ҳар яки Шумо сар фуруд меорам. Илоҳо ғаму дарди фарзандро набинед… Ба пои фарзандонатон хоре нахалад…",- менависад вай.

Ғолибҷон Юсупов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Консерти хайриявии Ғолибҷон Юсупов барои дастгирии Дилноз Каримова дар Хуҷанд

Дилноз Каримова дар идомаи паёмаш аз рухдоди ҳузнангезе хабар додааст.

"Аммо ман дигар чизро гуфтан мехоҳам…  Фарзанди ҷигарбандам Диёрбек бегоҳии гузашта санаи 31-уми декабр соати 20:15  дар яке аз клиникаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар синни 5 солагиву ҳафтмоҳагӣ ин оламро падруд гуфт… Дили ӯ дигар дорувориҳои химиявиро бардошт накард… Ба як каф дуои Шумо ниёз дорему халос… Аз бародарам Зайниддин хоҳиш дорам, ки бо маблағхои барои наҷоти фарзандам ҷамъшуда ба ниёзмандони дигаре кумак кунад. Барои таваҷҷӯҳу муҳаббату дастгириҳоятон хазорҳо ташаккур.. Худованд нигахбонатон бошад… Фарзандонатонро эҳтиёт кунед…"- хоҳиш кардааст ӯ.

Хабари вафоти Диёрбеки хурсол корбарони фейсбукро андӯҳгин кардааст. Корбарон дар зери паёми Дилноз ва дар саҳифаи вай ҳамдардии худро баён мекунанд.

Пештар чанде аз овозхонони тоҷик, шоираи тоҷик Шоира Раҳимҷон, чанд гурӯҳҳои фейсбукӣ, барномаҳои телевизионӣ пас аз хабари ба бемории саратон гирифтор шудани фарзанди Дилноз Каримова иқдом гирифта буданд, ки бари муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов пул ҷамъ мекунанд.

Шоира Раҳимҷон хабар дод, ки консерти хайриявие, ки ба нақша гирифта буд, баргузор мешавад ва маблағи ба даст омада ба ниёзмандон тақсим хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0