ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ғолибҷон Юсупов-овозхони ҷавону номдори тоҷик қарор додааст, ки барои дастгирӣ ва кӯмаки ҳамкасабаш Дилноз Каримова консерти хайриявӣ баргузор кунад.
Тавре продюсери овозхон Хусрав Абдулло мегӯяд, консерти хайриявӣ 4-уми январ дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
"Маъмурияти Кохи Рӯдакӣ иҷозат дод, ки рӯзи 4-уми ҳунарманд бе пардохти иҷорапулии толор ҳунарнамоӣ кунад. Афзун бар ин, аз баргузории ин консерт андоз ситонида намешавад",- қайд мекунад вай.
Бино бар иттилои манбаъ, нархи билет 50 сомонӣ ва он пурра барои муолиҷаи фарзанди Дилноз Каримова-Диёрбек Аминҷонов равон карда мешавад.
Пештар шоираи тоҷик Шоира Раҳимҷон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки Маркази продюссерии "Шоира" тасмим гирифтааст консерти хайриявиеро таҳти унвони "Бо туем, Дилноз!" ба хотири дастгирии овозхони маҳбуб Дилноза Каримова,баҳри муолиҷаи саривақтии фарзандаш ташкил намояд.
"Аз ҳунармандоне, ки хоҳиши дар ин барнома ширкатро доранд хоҳиш карда мешавад дар мактубҳои шахсии Шоира Раҳимҷон сабти ном намоянд. Соати шинохти инсоният аст. Интизорем!",- қайд карда буд Шоирабону.
Бино бар иттилои шоираи тоҷик, ҳунармандон Мухаммадмусо Идрис, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Ҷаҳонгир Зарипов, Парвина Аҳмадзода, Иссен Тайсон&Шон МС, Шухрат Сайнаков Манижа Сабоҳ, Файзигул Юсупова, Ҳаётой Муъминова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Садриддини Наҷмиддин, Далери Хайриддин, Сарвиноз Юсуфӣ, Гуруҳи Авесто зери роҳбарии Таҳмина Рамазонова, Райҳона Раҳимова, Ширинмоҳ Ниҳолова, Тобиш Ҳилолӣ, Зоири Сафарзод, Қобилҷон Зарипов,Комилҷон Зарипов, Рустам Азимӣ, Шаҳноз Собирӣ, Ансамбли "Гулшан", Ҳабиба Давлатова, Фурқати Саид, Зиёвуддини Нурзод ва ровиён Субҳон Ҷалилов,Таҳмина Раҷабова, Бахтовар Бобоҷонов изҳор доштаанд, ки барои баргузор кардани консерти мазкур омодаи кӯмак ҳастанд.
Ёдрас мешавем, чанде пеш Зайниддин Каримов-бародар ва продюсери овозхон Дилноз Каримова аз ҳамватанон ва мухлисон барои муолиҷаи писари Дилноз кӯмак хоста буд.