ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. ВУД гузориш медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе ва марди 30-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум намудани шахс аз озодӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, рӯзи 7-уми июли соли 2017 аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшанро маҷбуран ба шаҳри Душанбе оварда, ба яке аз утоқҳои қурутобхонае, ки ба марди 25-солаи мазкур тааллуқ дорад, бурда, лату кӯб намудаанд.
Баъдан, ӯро дар ҳуҷраи анборхонаи нуқтаи таъмиргоҳи воситаҳои нақлиёт, ки дар қафои қурутобхонаи мазкур ҷойгир мебошад, аз санаи 14-ум то 21-уми июли соли 2017 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.