Болои сӯхта намакоб: Амрико гуфт, тазоҳуротгарони эрониро дастгирӣ мекунад

© AP / Pablo Martinez MonsivaisДональд Трамп в Белом доме
Дональд Трамп в Белом доме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоле, ки дар Эрон мехоҳад мушкилотро бо роҳи сулҳ ҳал кунанд, ҳукумати Амрико гуфт, тазоҳуротҳои зиддиҳукуматиро дар Эрон ҷонибдорӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik.  Маъмурияти раисҷумҳури ИМА эълом кардааст, ки тазоҳуротгарони эрониро дастгирӣ мукунад.

"Мо эътироф мекунем, ки шаҳрвандони Эрон бо роҳи осоиштагӣ ҳуқуқи эълом кардани фикри худро доранд. Аз тамоми сокинони кишвар даъват меорем, ки ин ҳуқуқи худро бо роҳи осоишта ҳимоя кунанд ва аз ҳама гуна амалҳое, ки боиси дастгирии сензура мешавад, даст бардоранд ",- гуфтааст сухангӯи Қасри сафед Сара Сандерс.

Пештар худи раисҷумҳур Амрико тариқи саҳифааш дар Твиттер даъват карда буд, ки аз тазоҳургарони эронӣ ҳимоя мекунанд. Вай қайд кард, "Ҳукумати Эрон махсус дар кишвар интернетро қатъ кардааст, то тазоҳургарон байни худ муошират карда натавонанд".

Ёдовар мешавем, ки 28-уми декабри соли 2017 дар Машҳад 200 тан, ки аксар ҷавонон буданд, ба нишони эътироз ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо даъва мекарданд, ки то рафт иқтисоди кишвар касод мешавад ва дар ин қадия ҳукумати Эрон гунаҳкор мебошад. Дар пайи чанд соат тазоҳурот ба бетартибӣ мубаддал шуд. Эътирозгарон чанд худравро оташ заданд. Дар натиҷа пулиси кишвар 55 нафарро ба иттиҳоми нобуд кардани амволи давлатӣ боздошт кард. Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт,  сокинони кишвар ҳуқуқ доранд, ки бо роҳи осоишта, бидуни бетартибӣ фикри худро баён кунанд.

Лентаи хабарҳо
0