Табрикоти раиси вилоят ба муносибати Соли нав: саломатӣ ва хоритҷамъӣ

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешНовый год 2018, архивное фото
Новый год 2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Соли нав муборакбод гуфтааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин блора дар равобити умумии ҳукумати вилояти суғд хабар дода шудааст.

Дар табрикоти раиси вилоят аз ҷумла омадааст: "пеш аз ҳама, фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон самимона таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ таманно мекунам.

Соли 2017 дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати с Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Новогодний Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар вилоят таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншооти варзишӣ, эҳёи суннатҳои қадимаи ҳунарҳои мардумӣ густариши тоза пайдо карданд.

Бахусус, сафарҳои раисҷумҳур имконият фароҳам оварданд, ки дар вилоят як қатор иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоию фарҳангӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба аҳли ҷомеа руҳу илҳоми тоза эҳдо намоянд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмон фоли нек маҳсуб гардида, эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави 2018-ро ба ҳамаи ҳамватанони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам".

Лентаи хабарҳо
0