ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар остонаи Соли нав се рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора Тоҷик.ТА бо такя ба Федеросюни иттифоқи касаба хабар медиҳад.
"Тоҷикистониён дар Соли нав боназардошти рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ва якшанбе, се рӯз истироҳат мекунанд", — омадааст дар хабарнома.
Қайд мешавад, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми декабр рӯзҳои истироҳатӣ буда, рӯзи якуми январ, ки ба рӯзи душанбе рост меояд, низ рӯзи истироҳатӣ эълом мешавад.
Бо дарназардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикисттониён имсол дар остонаи Соли нав се рӯз-30, 31 ва 1 январ истироҳат мекунанд.
"Агар ягон идора ва ё корхона рӯзи 1 январро рӯзи корӣ эълом кунад, ин қарори дохилии корхона мебошад", — қайд кардааст манбаъ.
Дарозмуддаттарин истироҳати зимистона ба хонандагони макотиби Тоҷикистон дода мешавад. Муҳассилин аз 1 то 31 январ истироҳат мекунанд.