ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Қурғонтеппа рўзи 19 декабр бо иштироки намояндагони шуъбаҳои фарҳанги вилоят, иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаву идораҳои табъу нашр, студияҳои сабти овоз, васоити ахбори омма, ноширон ва кормандони рўзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ оид ба қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф, нақши моликияти зеҳнӣ дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ суҳбат машварат баргузор шудааст.
Ҳамчунин дар ин дидор масоили шарҳи муқаррароти конвенсия ва созишномаҳое, ки Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф эътироф намудааст, истифодаи асарҳои муаллифон дар барномаҳои телевизион ва радио, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон, дуруст истифода бурдани маводи интернетӣ дар рўзномаҳо муҳокима шудааст.
Ба ҳозирин дар мавзӯъҳои ба роҳ мондани кори соҳаи ҳуқуки муаллиф ва саривақт пардохт намудани ҳаққи калами муаллифон, тарзи дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳо, роҳҳои беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт, пардохти саривақтии ҳаққи қалами муаллифон, тарзи дурусти истифодаи асарҳои муаллифони хориҷӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва шарҳи қарорҳои соҳавии батасвибрасидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳо дода шуд.
Рӯзи 21 декабр бошад, чунин машварат дар шаҳри Кўлоб дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи минтақаии фарҳанги шаҳр бо иштироки намояндагони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, кормандони театр, намояндагони ВАО, иттифоқҳои эҷодӣ баргузор шудааст.