ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ ин ҷаласа дирӯз баргузор шудааст.
Дар кори ҷаласа натиҷаи тадбиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ роҳбарият ва намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк", Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ, директорони муассисаҳои давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат карданд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот сардорони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо иштирок намуданд.
Қайд гардидааст, ки тадбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат идома дошта, айни замон он дар 40 ноҳияи кишвар амалӣ гашта истодааст.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, изҳори боварӣ намуданд, ки баъди ин ҷаласа ҳамкориҳо дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии ҳукумати бо вазоратҳои молия, маориф ва илм, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти тадбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" мустаҳкамтар гардида, фаъолият дар ин самт боз ҳам беҳтар мегардад.