ДУШАНБЕ, 31 дек— Sputnik. Донишомӯзони тоҷик дар моҳи аввали фасли зимистон 30 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад.
"То имрӯз ба ҷадвали таътил ягон тағйирот ворид нашудааст. Мактаббачагон 30 рӯз истиррҳат хоҳанд кард. Эҳтимол дар оянда ҷадвали таътил дигар шавад, вале дар айни замон ҷадвали таътил тағйир нахоҳад ёфт", — гуфт мудири раёсати таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Абдуҷаббор Алиев.
Дар ин росто ба муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шудааст, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ омода намоянд.
Омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар курсҳои омӯзишӣ ҷалб шаванду хонандагон бояд бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул гарданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзҳои таътили зимистонаи донишомӯзони тоҷик оғоз аз соли 2010-2011 бештар шуданд. Яъне муҳассилини тоҷик аз 1 то 31 январ ба таътил мебароянд. Вале таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ аз ҷадвал бардошта шуданд.
Ҳукумат чунин қарорро дарёфти замони мувофиқ барои олимпиадаҳо ва давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон гуфт.
Тибқи ин қарор танҳо донишомӯзони синфи 1-ум ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Қарор буд, ки саршавии соли таҳсил аз рӯзи 1 сентябр ба 1 август гузаронида шавад. Мутахассисон қайд мекунанд, ки пас аз муҳокимаи ин масъала ба хулоса омадаанд, ки оғози соли хониш аз авоили август барои донишомӯзии кӯдак муфид аст. Вале ин фикр дастгирӣ нашуд.