ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Манижа Давлат сарояндаи машҳури тоҷик имрӯз 35 сола шуд.
Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.
Соли 2006 бошад риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро поён бурдааст.
Манижа Давлат дар авоили соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият пайдо кард.
Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи "Сарнавишти ман" пешкаши мухлисонаш кард.
Манижа аз камтарин овозхонҳое ҳаст, ки солҳои дароз дар саҳна нест, вале маҳмубияташ ҳамоно кам нашудааст.
Бархе аз овозхонони тоҷик Манижаро ба рӯзи зодрузаш муборакбод гуфтаанд. Ҳамин тавр овозхони машҳур Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи Instagram-и худ навиштааст:
"Ман хушбахтам, ки Худованд бароям чун ту хоҳаре фиристодаас! Ту барои ман наздиктарин инсоне ҳастӣ, ки ҳамеша барои кӯмак мешитобию вақте табассум мекунӣ қалбам осоиш мегирад. Зодрӯз муборак! Бигзор ҳамаи орзуҳои ту бароварда шавад ва бароят умри дарозу, хушбатию сатоматию комёбӣ биёрад".
Меҳрнигори Рустам, ки солҳои охир бо Манижа Давлат ҳамкории зич дорад, низ дар саҳифааш ӯро бо рӯзи зодрузаш табрик кардааст:
"Mавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок орзумандам, ки ҳамешачун имрӯззебову ҷавон ва нерӯманду саломат бимонед. Дасти кам ва рӯзи ғамро набинед. Аппаҷони азизам шуморо хеле зиёд дӯст медорам".
Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.