Раҳмон дастур дод, ки ҷавонони иштибоҳан ба саффи террористон пайвастшударо баргардонанд

© Пресс-служба президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фармоиш додааст, ки шаҳрвандонеро, ки иштибоҳан ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шудаанд, ба ватан бозгардонанд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҷавонони иштибоҳан ба саффи террористон пайвастшударо баргардонанд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар маросиме, ки ба ифтихори Рӯзи кормандони амнияти миллӣ баргузор шуд, гуфт, "Яке аз мушкилоти муҳиме, ки ниҳоди амнияти миллии кишвар мувоҷеҳи он аст, ҷилавгири аз пайвастани бехабаронаи ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ мебошад".

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо раёсати чанд воҳиди КДАМ мулоқот кард ва ба онҳо фармоиш дод, ки барои бар гардони онҳо бо ҷойи кори доимӣ ҳамаи иқдомҳоро анҷом диҳанд.

Дар зимн раисҷумҳур гуфтааст, шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон афзудааст ва ниҳодҳои амниятиро муваззаф кард, ки мубориза бо терроризмро тақвият бидиҳанд.

Раисҷумҳур таъкид карда, ки ҳодисаҳои чанд моҳи охири Афғонистон нишон медиҳад, ки бояд нерӯҳои марзии ҷанубро тақвият дод.

Лентаи хабарҳо
0